ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Соли 2024 тамринҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) таҳти унвони "Рубеж" дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Дар ин бора Иманғали Тасмағамбетов, дабири кулли СПАД дар мусоҳиба бо маҷаллаи "Национальная оборона" хабар дод.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ӯ, дар соли ҷорӣ баргузории 7 тамрин дар назар аст.
"Омӯзиши фармондеҳии стратегии ситодҳои муштарак, котибот ва вазорату идораҳои манфиатдори давлатҳои аъзои СПАД, машқҳои фармондеҳии "Ҳамкории мутақобила", "Бародарии тахрибнашуда", машқҳои махсуси "Ҷустуҷӯ", "Эшелон", "Скала" , "Кобалт" ба нақша гирифта шудааст ", - шарҳ дод котиби генералӣ.
Ҳамчунин, тамриноти муштараки “Рубеж - 2024” дар қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад.
Тасмағамбетов афзуд, нақшаи омодагии муштараки мақомоти фармондеҳию назоратӣ ва воҳидҳои қувваҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ барои соли 2024 таҳия ва тасдиқ шудааст.
Пештар дар минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ омодагӣ ва штаби стратегӣ сурат гирифта буд.
Ба СПАД Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд.