Дар роҳи Душанбе-Чаноқ ва ғарби ВМКБ хафви тармаву сангрезӣ боқист

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандону меҳмонон даъват намуд, ки то 29 март бидуни зарурат тариқи роҳҳои кӯҳӣ ба сафар набароянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар ду минтақаи Тоҷикистон то 29 март хавфи сар задани офатҳои табиӣ мавҷуд аст.
Дар ин борадафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод.
Ин ниҳод бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар мегӯяд, то рӯзи 29 март дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, инчунин дар ноҳияҳои ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани офатиҳои табиӣ мавҷуд аст.
Аз ҷумла фаромадани тарма ва сангрезӣ пешгӯӣ мешавад.
Қурбонӣ надошт: КҲФ гуфт, ки дар кадом манотиқ бештар селу ярч фаромад
Дар робита ба ин, Кумита ба сокинони ин манотиқ муроҷиат намуда, қатъиян тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва шикору моҳидорӣ худдорӣ кунанд.
Ҳамзамон аз ронандагон дархост шуд, ки қабл аз ба сафар баромадан тариқи роҳҳои кӯҳӣ аз вазъи роҳҳо маълумоти пурра ҷамъоварӣ намоянд, мошинҳои худро омода созанд ва аснои ҳаракат дар роҳ аз эҳтиёт кор гиранд.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл бар асари боришоти борон дар чанд ноҳияи вилояти Хатлон селу обхезӣ сар зад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода он замон хабар дод, ки дар пайи номусоидии боду ҳаво дар навоҳии Ёвон, Шаҳринав, Хуросон, шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор ва Роғун омадани селу фаромадани ярч сабт шуд.
Сухангӯи кумита гуфт, ки бештар омадани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар Хатлон, ноҳияи Хуросон, Ҷомӣ, Н.Хисрав, Данғара, ноҳияи Темурмалик сабт шуда буд.
Дар пайи боришоти тӯлонӣ ва обхезӣ саҳни 25 бинои истиқоматии шаҳрвандони деҳаи Чорбоғ-2-и ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон зери об монда, 20 хонавода (80 нафар) муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.