ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Як зодаи Тоҷикистон бо номи Бунавшоҳ Эркин шаби ҳамлаи маргбор ба Крокус Сити Хол як марди оғушта дар хунро наҷот дод.
Бар хабари расонаҳо, Бунавшоҳи 17 - сола ба ҳайси пешхизмат дар меҳмонхонаи “Aquarium”, ки дар бинои Крокус воқеъ аст, кор мекард.
Ӯ садои тирро нашунид ва аз ҳамлаи террористӣ ба маркази мазкур бехабар монд. Вале бо ворид шудани як марди аз тир захмбардошта пай бурд, ки кадом як ҳодисаи нохуш рух додааст.
Зимнан, ба кормандони меҳмонхона фармони фавран тарк кардани бинои меҳмонхона расид ва кулли кормандон ба ҷуз аз Бунавшоҳ меҳмонхонаро тарк карданд.
Ӯ то омадани кормандони милитсия ҳамроҳ бо ҷабрдида истод ва то имкон кумакрасонӣ кард.
Худи Бунавшоҳ амали худро қаҳрамонӣ намеҳисобад ва мегӯяд, "ман қаҳрамон ё наҷотдиҳанда нестам, наврасам ва ба ман шуҳрат ҳам лозим нест".
Номбурда нахост дар ин бора бо Sputnik Тоҷикистон суҳбат кунад, танҳо зикр намуд, ки
"Ман танҳо ба як нафар кумак кардам, на барои он ки тоҷикам ё мусалмонам. Ман ба хотири инсон будани худ ба як инсони дигар дасти кумак дароз кардам".
Ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Холл рӯзи 22 март сурат гирифт ва дар ин ҳодисаи даҳшатбор 139 нафар, аз ҷумла се кудак ҷон бохтанд.
Дар натиҷаи амалиёти вижа 11 муттаҳам, аз ҷумла 4 нафари онҳо боздошт шуданд, ки ҳар чор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва ба гуноҳи худ иқрор шудаанд.
Ҳоло тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.