Дар Маскав беш аз 23 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ муайян шуд

Нисбати 42 ҳазор муҳоҷир дар бораи ихроҷ аз Русия тасмим гирифта шуд, ки 11 ҳазори онҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҷойгир шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар соли 2023 дар Маскав пулис 224 ҳазор нақзи қонуни муҳоҷиратро ошкор кардааст.
Чунин маълумот аз гузориши видеоии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии пойтахт дар Думаи шаҳри Маскав бармеояд.
Дар ҳамин ҳол, алайҳи 42 ҳазор муҳоҷир дар бораи ихроҷ аз Русия тасмим гирифта шудааст, ки 11 ҳазор нафари онҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҷойгир шудаанд.
Зимнан, Олег Баранов, сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии пойтахт, гуфт, дар соли 2023 дар Маскав шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд содиршуда 5,1% коҳиш ёфта, шумораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 3,8% афзоиш ёфтааст.
Соли гузашта дар Маскав пулис беш аз 23 ҳазор мавриди нақзи қонуни муҳоҷиратро сабт кардааст.
"Танҳо дар ҷараёни амалиёти "Нелегал" беш аз 23 ҳазор қонуншикании муҳоҷират ошкор карда шуда, зиёда аз 3,6 ҳазор қарор оид ба ихроҷи маъмурии шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия барои нақзи гуногуни қонунгузории ҷорӣ қабул гардид", - гуфт сардори раёсати пойтахт Олег Баранов.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар соли гузашта теъдоди фактҳои ошкоршудаи сабти номи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ барои сабти номи муҳоҷират тақрибан 30 % афзоиш ёфтааст.
Русия метавонад мӯҳлати бастани шартномаи меҳнатиро бо муҳоҷирон маҳдуд кунад
Кормандони ситод беш аз 158 ҳазор ҳодисаи аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ вайрон кардани қоидаҳои вуруд ё будубош ба қаламрави Федератсияи Русияро боздоштанд. Теъдоди фактҳои ошкоршудаи бақайдгирии қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷои будубоши онҳо қариб 30% афзоиш ёфтааст, шарҳ дод Баранов.
Вай афзуд, танҳо соли гузашта барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ 140 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.