Русия бо Тоҷикистон дар таҳқиқи ҳамла ба "Крокус" ҳамкорӣ мекунад

Идораҳои истихборотии Русия дар робита ба таҳқиқи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл аз ҳамкорони тоҷикистонии худ кумак мегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Маскав дар робита ба боздошти шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар анҷоми ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл муттаҳам мешаванд, бо хадамоти махсуси Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ҳамкории зич дорад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба як манбаъ дар вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад.
"Мо бо тамоми хадамотҳои шарикӣ, аз ҷумла бо хадамоти тоҷик ҳамкории зич дорем. Мо кумак мегирем ва дастгириро ҳис мекунем. Ба муфаттишон кумак расонида мешавад", - гуфтанд дар оҷонсӣ.
Додгоҳи Басмании Маскав чаҳор муттаҳам дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холлро то 22 май боздошт кард.
Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешаванд. Онҳо ба содир кардани ҳамлаи террористӣ, ки дар ҳайати гурӯҳи муташаккил боиси марги одамон шудааст, муттаҳам карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт.
Ҳамлагарон дар баробари парронидани бошандагони бино аз норинҷакҳои оташзо низ истифода карданд, ки боиси сӯхтори шадид шуд, ки барои хомӯҳ кардани он чархболҳо ҷалб шуданд.
Таҳдиди ҳабси абад ба онҳое, ки дар парвандаи ҳамлаи террористии Крокус даст доранд
Амалиёти наҷот дар маҳалли ҳамлаи террористӣ дар Крокус ба анҷом расида, ҷустуҷӯҳо бошад, идома дорад.
Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, шумори кушташудагон ба 137 нафар расидааст, ки се нафари онҳо кӯдакон мебошанд. 180 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Дар натиҷаи амалиёти вижа 11 муттаҳам, аз ҷумла 4 нафари онҳо боздошт шуданд.
Додгоҳи Басмании Маскав чаҳор муттаҳамро дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл боздошт кард. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба ҳабси пешакӣ барои ду моҳ равон шудаанд.