ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Ҳамлаи даҳшатноки террористиро, ки дар “Крокус Сити Холл” дар Маскав рух дод, наметавон тавҷеҳ кард.
Дар ин бора Муриват Маликшоев, раиси Ҷамъияти миллии фарҳангии тоҷикони Иркутск "Ҳамватанон" изҳори назар кард.
"Мо ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдат ҳастем. Ман аз номи тамоми тоҷикони муқими вилояти Иркутск ба хонавода ва наздикони қурбониёни кушташуда ҳамдардӣ ва тасаллияти самимии худро баён мекунам. Ба онҳое, ки захмӣ шудаанд, шифои комил мехоҳам”, - гуфт ӯ.
Узви котиботи Шӯрои ҷамъиятии Сафорати Тоҷикистон дар Маскав Турсуной Алимардонова ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл”-ро даҳшатнок хонд.
"Террористҳо дар моҳи шарифи Рамазон як ҳамлаи даҳшатнокро анҷом доданд. Мо инро намебахшем, кишвар намебахшад ва қонун намебахшад, зеро террористҳо на инсоният доранд, на дин, на миллат ва на ватан", - гуфт вай.
Дар чунин соати душвор мо бояд муттаҳид шавем, мегуяд раиси ташкилоти ҷамъиятии "Маркази фархангии тоҷикони Чувашистон" Ботурҷон Каримов.
"Душманони мо, аз ҷумла кишварҳои Ғарб дастаҷамъона бо тамоми қувва кушиш доранд, ки дар байни миллатҳо кинаю адовати нажодӣ ва диниро барангезанд”, - қайд кард оқои Каримов.
Раиси созмони ҷамъиятии тоҷикони вилояти Уляновск "Азия" Ҳайдаралӣ Маҳмадҷонов дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус изҳори ҳамдардӣ кард.
"Терроризм на миллат дорад, на Ватан ва на дин. Бояд аз ҳамагуна кӯшишҳои барангехтани адовати миллӣ пешгирӣ карда шавад", - афзуд ӯ.
Маҳмадҷонов зикр кард, ки ҳоло бо муҳоҷирон аз Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва машваратҳо идома доранд.
Илова бар ин, созмон барои пешгирӣ аз барангехтани кинаю адовати миллӣ дар минтақа бо ҳукумати вилоят ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ дорад.