ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки кишвараш барои ҳар нафаре, ки дар ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” кушта ва маҷрӯҳ шудаааст, қасос хоҳад гирифт ва ҳамаи афроде, ки дар ин даст дорад, новобаста аз кишвар ва мақом ҳоло ҳадафи қонунӣ ва асосӣ мебошанд.
"Ҷойи ҳамаи он нафароне бегуноҳ кушта шудаанд ҷаннат бошад! Мо барои ҳама қасос хоҳем гирифт. Ва ҳар касе, ки дар ин амал даст дорад, новобаста аз кишвар, мақом, ҳоло ҳадафи қонунӣ ва асосии мост. Мунтазир бошед", - навиштааст ӯ дар шабакаи Telegram-и худ.
Ёдовар мешавем, ки шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.
Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 133 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат дор буда, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.
Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.
Расонаҳо дар содир кардани ин амали террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонбар медонанд.