ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Мақомоти шаҳри Душанбе, хабар додааст, ки “Карнавали Наврӯзӣ” аз 24 март ба санаи 25 март гузаронида шуд.
“Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки “Карнавали Наврӯзӣ” аз 24 март ба санаи 25 март гузаронида шуда, дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе, соати 19:00 баргузор мегардад”, - қйд кардааст шаҳрдорӣ.
Шаҳрдори сабаби ба рӯзи дигар кӯчонидани “Карнавал”-ро шарҳ надодааст.
Ёдовар мешавем, ки “Карнавали Наврӯзӣ” бояд санаи 24 март, дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе, дар нимаи дуюми рӯз баргузор мегардид.
Қаблан барномаҳои асосии наврӯзие, ки дар Душанбе мебоист рӯзҳои 21 ва 22 доир мешуд, ба рӯзи 23 март гузошта шуда буд.
Сабаб ҳавои тағйирёбанда дар пойтахт ва пешгӯии борони шадид гуфта шудааст.
Бояд қайд кард, шаби 22 март дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.
Дар ин вақт консерти гурӯҳи Пикник бояд дар он ҷо баргузор мешуд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷинояткорон аз масофаи дур одамонро мепарронданд ва инчунин норинҷакҳои оташзо низ партофтанд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишот, 133 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон беш аз сад нафар ҷароҳат дор буда, миёни фавтидагон се кӯдак низ ҳаст.
Кумитаи тафтишот дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд.
Расонаҳо дар содир кардани ин амали террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонбар медонанд.