Як тоҷикистониро низ дар "Крокус" наҷот додаанд - тафсилот

Пеш аз баргузории консерт дар Крокус Сити Холл дар Красногорск дар наздикии Маскав, дар марзи шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистонро низ аз Крокус Сити Холл наҷот додаанд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.
"Ӯ осеб надидааст, ҳаёт ва саломатии ӯ дар хатар нест", - таъкид кардааст ВКХ.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холлро, ки шоми ҷумъа дар вилояти Маскав рух дод, маҳкум кард.
Пеш аз баргузории консерт дар Крокус Сити Холл дар Красногорск дар наздикии Маскав, дар марзи шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ ва сӯхтор ба амал омад.
Ба иттилои ФСБ-и Русия, то кунун 60 нафар кушта ва беш аз 120 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ҳамлаи террористӣ дар Маскав: Дар “Крокус сити холл” чӣ рух дод
Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз оғози тирпарронӣ ба сӯи Крокус дар дақиқаҳои аввали ҳодиса огоҳ шудааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар Татяна Москалькова ҳодисаи дар Крокус Сити Холл рухдодаро як амали террористӣ номида, ба наздикону хонаводащои қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.