Тоҷикистон дар бораи даст доштани шаҳрвандонаш дар ҳамла ба "Крокус" маълумот нагирифтааст

Вазорат таъкид кардааст, ки нашри маълумоти тасдиқнашуда ва ноустувор метавонад ба шаҳрвандони муқими бурунмарзии Тоҷикистон зарар расонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Тоҷикистон дар бораи даст доштани шаҳрвандонаш дар ҳамлаи террористии "Крокус" маълумот нагирифтааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон расман хабар додааст.
"Ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти расмии Русия дар бораи маълумоти бардурӯғ, ки ҳоло дар бораи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон паҳн мешавад, тасдиқ нагирифтааст",- афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод ба расонаҳои дохиливу хориҷӣ тавсия додааст, ки ба маълумоти расмии интишоркардаи мақомоти давлатии Федератсияи Русия такя кунанд.
Вазорат таъкид кардааст, ки нашри маълумоти тасдиқнашуда ва ноустувор метавонад ба шаҳрвандони муқими бурунмарзии Тоҷикистон зарар расонад.
"Мо таваҷҷуҳи худро ба зарурати муносибати масъулиятнок ба паҳн кардани маълумот дар бораи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон ё тоҷикистониён дар ин амал ҷалб мекунем", - афзудааст ВКХ.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холлро, ки шоми ҷумъа дар вилояти Маскав рух дод, маҳкум кард.
Як тоҷикистониро низ дар "Крокус" наҷот додаанд - тафсилот
Ҳодиса пеш аз баргузории консерт дар Крокус Сити Холл дар Красногорск дар наздикии Маскав, дар марзи шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ ва сӯхтор ба амал омад.
Ба иттилои ФСБ-и Русия, то кунун 60 нафар кушта ва беш аз 120 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз оғози тирпарронӣ ба сӯи Крокус дар дақиқаҳои аввали ҳодиса огоҳ шудааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар Татяна Москалькова ҳодисаи дар Крокус Сити Холл рухдодаро як амали террористӣ номида, ба наздикону хонаводащои қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.