Тоҷикистониён низ дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" зарар диданд ё на? Посухи ВКХ

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои пайгирии вазъ бо мақомоти давлатии Русия пайваста дар тамос қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар бораи шаҳрвандони маҷрӯҳ ва ҳалокшудагон аз Тоҷикистон дар ҳамлаи террористии "Крокус Сити Холл" маълумоте нест.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Онҳо қайд карданд, ки ин ҳамлаи террористӣ ба маҷмааи "Крокус Сити Холл" дар наздикии Маскав даҳшатовар буд.
Илова бар ин, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо ҳадафи назорати вазъ бо ниҳодҳои давлатии Русия дар тамоси доимӣ қарор дорад, таъкид карданд Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Золимонаву ғайриинсонӣ: Раҳмон ҳамлаи террористӣ дар вилояти Маскавро маҳкум кард
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл", воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Бино ба маълумоти пешакӣ, 60 нафар кушта ва беш аз 120 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар пайи ҳамла ҳамчунин қабати болоии бино низ оташ гирифт, ки дар натиҷа беш аз 3 ҳазор метри мураббаъ сӯхт.
Хабаргузории РИА Новости хабар додааст, ки як гурӯҳи афроди номаълум дар тан либоси низомӣ дошта оташ кушодаанд.
Тибқи маълумоти пайдошуда, пас аз оғози тирандозӣ норинҷаки оташзо партоб шудааст. Ин ба сӯхтор оварда расонд.