ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Тирпарронӣ дар толори консертии “Крокус сити холл”, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав сурат гирифтааст.
Бино ба маълумоти пешакӣ, 40 нафар кушта ва беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Пас аз тирпаронӣ дар Маркази савдо сӯхтор рух дод. Майдони сӯхтор дар “Крокус сити холл”, беш аз 3000 метри мураббаъро ташкил дод. Ба он сатҳи душвории баланд таъин шудааст. Чанд чархбол оташро хомуш карданд.
Дар ин бора РИА Новости хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки як гурӯҳи афроди ношинос тақрибан се нафар бо либост низомӣ тарафи мардуми осоишта оташ кушодаанд. Дар натиҷа даҳҳо нрафар кушта ва захмӣ шудаанд.
“Нафароне, ки либоси низомӣ доштанд, ба ошёнаи поёнии бинои “Крокус сити холл” даромада, бо автомат оташ кушоданд”, — таъкид шудааст дар хабар.
Тибқи маълумоти расида, пас аз оғози тирандозӣ аз сӯи ин нафарон норинҷак ё бомб тарконида шудааст. Ба ҳамин хотир сӯхтор сар задааст.
"Одамоне, ки дар толор буданд, барои раҳоӣ аз тирпарронӣ дар рӯи фарш хобида, 15-20 дақиқа дар буданд, пас аз он мардум ба берун баромаданд", - гуфт хабарнигор.
Гуфта мешавад, ки тирпарронӣ дар тлоре, ки бояд консерти гурӯҳи Пикник мешуд давом ёфтааст. То ҳол аз аҳволи чандин нафар маълумот нест.
"Ман шоҳиди айн нестам, фақат садои тирро шунидам. Ҳоло як фоҷеае рух медиҳад. Мардум тақрибан бе либоси гарм ба кӯча давиданд", - гуфт намояндаи гурӯҳ.
"Наҷотдиҳандагон тақрибан 100 нафарро аз таҳхонаи бино берун оварданд. Амалиёт барои наҷот додани одамон аз боми бино бо истифода аз механизмҳои борбардор идома доранд", — гуфтанд дар шабакаи Telegram Вазорати ҳолатҳои изтирории вилояти Маскав.
Баъдтар маълум шуд, ки боми назди саҳнаи толори консертӣ фурӯ рехтааст.
Пизишкон низ ба зарардидагон ёрии зарурӣ мерасонанд. Дар маҷмӯъ, дар назди “Крокус сити холл” тақрибан 70 дастаи ёрии таъҷилӣ навбатдорӣ доранд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар Татяна Москалкова ҳодисаи дар “Крокус сити холл” рухдодаро як амали террористӣ номида, ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.
Сардори ВКД Колоколтсев ва ҳамчунин раиси вилояти Маскав Андрей Воробёв ба ҷои ҳодисаи ҳамлаи террористӣ дар Маскав ҳозир шуданд.