Дар бораи ҳамлаи террористӣ дар "Крокус" то ин соат чӣ маълум аст?

Дар Тоҷикистон шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба назди бинои сафорати Русия дар Душанбе ва консулгарии генералӣ дар Хуҷанд гулгузориро идома медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, дар ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл 133 нафар ба ҳалокат расидаанд, вале то ҳол шахсияти танҳо 41 ҷасад муайян карда шудааст.
Раиси ФСБ ба Путин хабар дод, ки 11 нафар, аз ҷумла ҳамаи 4 террорист, ки бевосита дар ҳамлаи террористӣ даст доранд, боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, ки террористони боздоштшуда бо ҷониби Украина робита доштанд.
Ҳамчунин дар интернет ду навор аз бозпурсии гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл пайдо шуд.
Дар ҳамин ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири гиромидошти қурбониён ба бинои сафорати Русия дар Душанбе ва консулгарии генералӣ дар Хуҷанд гул меоранд.
Гузашта аз ин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумот дар бораи се нафари эҳтимолии "иштирокчиёни" ҳамлаи террористиро рад кард.
Фардо дар Русия мотами умумимиллӣ эълон шуд
Сафорати Русия дар ҷумҳурӣ ба нишони мотам парчамро поин бурд ва бо ҳамин ба андӯҳи ҳодисаи фоҷеабор пайваст.
Вакили Думаи давлатӣ аз Қрим Михаил Шеремет қасд дорад масъалаи ҷорӣ кардани ҳукми эъдом барои террористонро пешниҳод кунад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт.
Тибқи маълумоти пайдошуда, террористон дар баробари тирандозӣ аз норинҷакҳои оташзо истифода карданд, ки боиси сӯхтор шуд, ки барои хомӯш кардани он ҳатто чархболҳо низ истифода шуд.