ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Устувории пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ ба болоравии нархҳо дар ҷумҳурӣ таъсир мерасонад.
Иқтисоддонҳои Бонки АвруОсиёи Рушд чунин назар доранд.
Кайд карда мешавад, ки он ба таваррум таъсири боздоранда дорад.
Ҳамин тариқ, худи афзоиши нархҳо дар моҳи феврал дар кишвар нисбат ба 3,8% дар моҳи январ то 3,6% коҳиш ёфт.
Илова бар ин, таъсири воридот ба таваррум низ мӯътадил арзёбӣ мешавад.
"Ин ба шарофати устувории нархномаҳо дар бозорҳои байналмилалии энергетикӣ ва коҳиши онҳо дар бозорҳои озуқаворӣ даст дод", - шарҳ доданд мутахассисони БРАО.
Ёдовар мешавем, ки Бонки миллии Тоҷикистон болоравии нархҳоро дар моҳҳои феврал ва март ба 0,5% боло рафтани қимати маҳсулоти ғизоӣ марбут медонад.
Инчунин арзиши хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 0,2%, молҳои ғайриозуқавӣ 0,1% афзудааст.