ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Русия дар ҳолати ҷанг қарор дорад, гуфт Дмитрий Песков, котиби матбуотии президент ба хабаргузории "Аргументы и Факты".
"Мо дар ҳолати ҷанг ҳастем. Бале, он ҳамчун як амалиёти махсуси низомӣ оғоз шуд, аммо вақте ки гуруҳак дар он ҷо таъсис ёфт, вақте ки Ғарб дастаҷамъона аз ҷониби Украина иштирокчии ин амалиёт шуд, барои мо аллакай як амалиёти ҷангӣ гардид. Ман ба ин бовар дорам. Ҳама бояд ин корро барои сафарбаркунии дарунии худ дарк кунанд",- гуфт ӯ.
Песков қайд кард, ки Русия амал карданро идома хоҳад дод, то иқтидори низомии Украина ба амнияти шаҳрвандон ва қаламраваш таҳдид накунад.
"Мо чаҳор субъекти нави федералӣ дорем. Барои мо чизи асосӣ ҳифзи мардуми ин субъектҳо ва озод кардани қаламрави ин субъектҳо, ки амалан аз ҷониби режими Киев ишғол шудааст, мебошад", - қайд кард котиби матбуоти президент.
Ба гуфтаи вай, Русия наметавонад иҷоза диҳад, ки дар марзи худ давлате вуҷуд дошта бошад, ки қасди гирифтани Қрим бо истифода аз ҳар гуна шеваро дошта бошад. Ҳоло дар бораи манотиқи нав намегӯем.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.
Дар авоили моҳи июн Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Запороже, Южнодонетск ва Артемовск амалиёти зиддиҳамларо оғоз карда, ба ин минтақаҳо гуруҳҳои ҷангие, ки НАТО тамрин дода бо силоҳи онҳо муҷаҳҳаз буданд, партоб кард. Аммо украинҳо дар ягон самти ҷабҳа муваффақият ба даст наоварда, талафоти калон доданд.