Барсегян ва Мантуров самтҳои рушди саноати кишварҳои ИИАО- баррасӣ карданд

Намояндаи ИИАО ва вазири саноати Русия ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар амалисозии ташаббусҳои нави ба ҳамдигар муфид идома диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаи саноати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро вазири саноат ва комплекси агросаноатии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Гоҳар Барсегян ва муовини раиси ҳукумати Федератсияи Русия – вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумиссиюни иқтисодии созмон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор аз ҷумла, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо истифода аз механизми дастгирии молиявии боломиллӣ, ташаккули платформаи ягонаи рақамӣ дар саноат ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин дар ин мулоқот баргузории Шӯрои сиёсати саноатии ИИАО низ баррасӣ гардид.
"Мо дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва савдои ФР омодаем, ки минбаъд дар тамоми соҳаҳо кор кунем, зеро мо дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан манфиатҳои муштарак дорем", - қайд кард Гоҳар Барсегян.
Дар робита ба механизми маблағгузории лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ дар Иттиҳод Денис Мантуров таъкид кард, ин як талоши ҷиддӣ аст.
"Ин воқеан дар рушди кооператсияи саноатӣ дар фазои Иттиҳод як қадами муҳим аст. Барои соли 2024 дар буҷаи ИИАО барои ин ҳадафҳо 1,7 миллиард рубл пешбинӣ шудааст, ки 1,5 млрд рубли он саҳми саҳомии Федератсияи Русия аст",- гуфт ӯ.
КИАО ва БРАО лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар қаламрави ИИАО-ро якҷоя маблағгузорӣ мекунанд
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар ташаббусҳои нави ба ҳамдигар муфид идома диҳанд.
Денис Мантуров Гоҳар Барсегянро даъват кард, ки дар ҷаласаи пленарии намоишгоҳи байналмилалии саноатии "INNOPROM. Осиёи Марказӣ", ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат кунад.
Дар соли 2023 саноати ИИАО динамикаи рушди мусбӣ нишон дод. Умуман дар иттиҳодия истеҳсоли маҳсулоти саноат назар ба соли гузашта 3,7% афзуд. Суръати афзоиши саноатӣ омодасозии маҳсулот махсусан баланд — 7,4% буд.