Вакили парлумони Тоҷикистон интихоботи президентии Русияро шарҳ дод

Вакили тоҷик мегӯяд, ки бо дарназардошти вазъи душвори сиёсии ҷаҳон, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд бо Русия мисли шарики асосии стратегӣ муносибат кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 март — Sputnik. Интихоби Путин барои Тоҷикистон хеле судманд аст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби демократи ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Усмонзода иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ, равобит бо Русия ба ғанисозии буҷа ва гардиши мол мусоидат мекунад.
"Интихоби Путин дар интихоботи навбатӣ барои Тоҷикистон хеле судманд аст, зеро дар соҳаҳои гуногун созишномаҳои зиёд ба имзо расидаанд ва амалишавии ҳамаи онҳо идома хоҳад ёфт", - таъкид кард ӯ.
Вакили мардумӣ қайд мекунад, ки агар президенти дигар интихоб мешуд, шояд баъзе созишномаҳо бознигарӣ мешуданду вазъ тағйир меёфт.
Интихоботи президенти Русия
Путин дар интихоботи президентии Русия дар Тоҷикистон пешсаф аст
Раиси Ҳизби демократ ҳамчунин аз таҳдидҳо аз ҷониби Афғонистон ва то чӣ андоза муҳим будани ҳузури низомии Русия дар минтақа ёдовар шуд.
"Омили боэътимоде, ки тамоми нерӯҳои ҷангҷӯро дар минтақа бозмедорад, пойгоҳи 201-уми Русия мебошад. Ин муҳофизати тамоми Осиёи Марказӣ аст", - таъкид кард ӯ.
Илова бар ин, Саидҷаъфар Усмонзода изҳор дошт, ки тасмими мардуми Русия ба хотири сулҳу субот аст.
"Мардуми рус мардуми босавод ҳастанд, сулҳу субот барои ҳамаи русиягиҳо имрӯз муҳим аст, аммо барои ноил шудан ба ин ҳадаф Русия бояд қавӣ бошад ва самти ягонаи рушди худро дошта бошад. Путин барои ин кори зиёде кардааст ва аз ин рӯ русиягиҳо ба ӯ эътимод доранд, ки ӯ идомаи ин сиёсатро барои рушди кишвар ва таҳкими мавқеи он дар ҷаҳон идома медиҳад", - бовар дорад сиёсатмадор.
Дар хотима ӯ афзуд, ки бо назардошти вазъи душвори сиёсии ҷаҳон, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба Русия ҳамчун шарики стратегии асосии низомию сиёсӣ муносибат кунанд.