ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Субҳи барвақт сокинону мақомдорон Душанбе дар “Боғи Ғалаба” баҳри пос доштани расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, тайёр кардани ҳар гуна таомҳои баҳорӣ, оростани гулхани ҷашнӣ ва баргузории дигар суннатҳо фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ корвони наврӯзии чор ноҳияи шаҳр бо рамзҳои наврӯзии Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон аз чор самт вориди базмгоҳҳои наврӯзӣ гаштанд.
Ин корвони наврӯзӣ ба сокинону меҳмонон аз фарорасии Соли нави аҷдодӣ хабар медоданд.
Қайд карда шудааст, ки таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукӯҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки барномаҳои асосии наврӯзие, ки дар Душанбе дар назар аст, барои як рӯз ба таъхир афтоданд.
Тантанаҳои наврӯзӣ, мебоист рӯзҳои 21 ва 22 доир мешуд, аммо акнун рӯзи 23 март дар назар гирифта шудааст.
Сабаб ҳавои тағйирёбанда дар пойтахт ва пешгӯии борони шадид гуфта шудааст.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, барномаҳои фарҳангии Наврӯзии ноҳияҳои пойтахт санаи 23 март дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр ва “Карнавали Наврӯзӣ” санаи 24 март, дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе, нимаи дуюми рӯз баргузор мегарданд.
Дар боғҳои фарҳангию фароғатии чор ноҳияи пойтахт низ бахшида ба ҷашни Наврӯз корҳои омодагӣ бомаром идома доранд.
Барномаҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Шоҳмансур дар боғи Куруши Кабири, дар ноҳияи И.Сомонӣ дар боғи ба номи С. Айнӣ, дар ноҳияи Фирдавсӣ дар боғи ба номи А.Фирдавсӣ ва дар боғи Умари Хайём тантанаҳои ноҳияи Сино баргузор мешаванд.