ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Ҳусайн Аамирабдуллоҳён, вазири умури хориҷаи Эрон дар нахустин рӯз аз иди Саиди Наврӯз бо ирсоли паёми табрики иди куҳани наврӯзро ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин табрик гуфт.
Вай дар паёмаш барои кишварҳо ва мардумони ҳавзаи Наврӯз соли саршор аз саодату беҳрузӣ орзӯ кардааст.
Ҳамчунин вазири хориҷаи Эрон чунин паёмҳои табрикотӣ ба унвони ҳамтоёни худ дар кишварҳои ҳавзаи наврӯзи шомили Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистон, Туркманистон, Туркия, Ироқ, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ҳинд ирсол кардааст.
“Иди наврӯзро ки мироси фарҳангӣ ва тамаддуни муштараки ҳазор солаи ниёкони бофарҳангу тамаддуни сози мо дар ҳавзаи тамаддунии муштараки миллатҳои минтақа аст, ба ҷаноби олӣ, давлату миллати он кишвари дӯсту ҳамсояи табрик ва шодбош мегӯям”, - омадааст дар паёми Аамирабдуллоҳён.
Аамирабдуллоҳёни афзудааст, ки оини бостонӣ ва суннатҳои зебои Наврӯз, намоди пайвандҳои амиқи инсонӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ миёни миллатҳои минтақа ва сулҳу дӯстию хешовандии ҳазорон сола миён онон аст.
Вай тасреҳ кард, ки давлату мардуми Эрон тавсеа ва густариши равобит бо кишварҳои ҳавзаи тамаддунии наврӯзро дар чорчӯби сиёсати ҳамсоягӣ бо қувват ва дар ростои таъмиқи пайвандҳои дӯстӣ, равобит ва ҳамкории мубтанӣ бар манофеи муштарак бо ҷиддият дунбол мекунад.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин паёми иброз умедворӣ кардааст, ки ин масир бо иродаи мустаҳкам раҳбарони олӣ ва миллатҳои мо, заминаи таҳаққуқи беш аз пеши тавсеа, пешрафту рифоҳ ва амнияти муштараки минтақаро фароҳам созад.