Путин аз шаҳрвандони Русия, ки дар интихобот иштирок намуданд, изҳори сипос кард

Владимир Путин дар паёмаш ба мардуми Русия аз нафароне, ки пушти сандуқҳои раъй омаданд ва овози худро ба номзадҳо доданд, изҳори сипос кард.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, баъд аз эълони ниҳоии интихоботи президентӣ ба мардуми кишвараш муроҷиат кард.
Дар паёми худ раҳбари Русия аз шаҳрвандон барои ширкат дар интихобот, изҳори сипос кард.

“Новобаста аз он, ки шаҳрвандон ба кӣ раъй доданд барои иштирокашон дар ин интихобот ташаккур мегӯям”, - қайд кард Путин.

Оқои Путин илова кард, муҳим исбот намудед, ки ба қарзи шаҳрвандии худ эҳтиром мегузоред ва озодии интихоб ва овози худро қадр мекунед.
“Такрор мекунам ҳар як раъйи Шумо аҳамияти бузург дошт”, - зикр кард Путин.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Кумитаи марказии интихоботи Русия натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳуриро эълом кард.
"Бо шумориши ҳама раъйҳо ба ин натиҷа даст ёфтем, ки Владимир Путин бо дарёфти 87,28% аз раъйҳо дар ин интихобот пирӯз шудааст", — эълом кард Элла Памфилова, раиси Кумитаи марказии интихоботи Русия.
Владимир Путин дар интихоботи президентии Русия пирӯз шуд
Вай афзуд, ки дар ин интихобот ба Владимир Путин ё 76 млн. 277 ҳазору 708 нафар раъйдиҳандагон овоз доданд.
Интихоботи президентӣ дар Русия тӯли 3 рӯз - 15, 16 ва 17 март давом кард. Дар маҷмӯъ, дар кишвар беш аз 94 ҳазор нуқтаи овоздиҳӣ фаъолият мекард.
Барои курсии раисиҷумҳури Русия чаҳор номзади сабтиномшудаи Комиссияи марказии интихоботи Русия: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин талош карданд.