ИИАО маҳдудиятҳои фурӯши мол дар мағозаҳои маоф аз молиётро лағв кард

Қарор дар бораи лағв бо дархости доираи тоҷирони ИИАО ба хотири васеъ кардани номгӯи молҳо дар мағозаҳои маоф аз молиёт гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё маҳдудиятҳо вобаста ба вазн ва андозаро барои фурӯши мол дар мағозаҳои маоф аз молиётро лағв кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Мушаххас карда мешавад, ки қаблан фурӯши молҳои вазнин (вазнаш зиёда аз 20 кг) ва ҳаҷман манъ буд.
Илова бар ин, молҳое, бояд барои онҳо боҷҳои гумрукии содиротӣ ситонида мешаванд, дар сурате, ки онҳо барои фурӯши чакана омода шудаанд ва ҳамчун маҳсулоти тайёр бастабандӣ гардидаанд, маҳдудияташон лағв шудааст.
"Қарор дар доираи дархости дахлдори доираҳои тиҷории ИИАО бо мақсади васеъ намудани номгӯи молҳо дар мағозаҳои маоф аз молиёт қабул карда шуд", - шарҳ дод манбаъ.
Путин гуфт нишасти ИИАО кай баргузор мешавад
Дар баробари ин, дар Арманистон маҳдудиятҳои андозӣ боқӣ мемонанд.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО дар соли 2014 ба фаъолият шурӯъ кард - моҳи майи ҳамон сол дар Остона сарони Русия, Қазоқистон ва Беларус Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ба имзо расониданд.
Соли 2024 созмон 10-сола мешавад. Ҳадафи таъсиси иттиҳодия таъмини озоди ҳаракати молҳо, хизматрасонӣ ва қувваи корӣ байни кишварҳо, инчунин пеш бурдани сиёсати ҳамоҳангшуда дар бахшҳои иқтисод буд.