Сарбозе, ки қумандони танки “Алёша”-ро наҷот дод, сазоворӣ ордени "Шуҷоат" шуд

Талафоти душман ба ҷуз аз техникаи низомии нобудшуда беш аз 100 нафар сарбози куштаву захмиро дар бар гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Сарбози ихтиёрӣ Сергей Соленов, ки қумандони танки машҳури "Алёша"-ро аз таркиши норинҷак наҷот дод, бо ордени "Шуҷоат" сарфароз гашт.
Дар ин бора вазорати дифои Русия хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки Соленов дар сафи пеш буд ва дид, ки як паҳподи нерӯҳои мусаллаҳи Украина болои фармондеҳи тонк Александр Леваков пай бурд.
"Ҳангоми партоби норинҷак ӯ афсарро бо баданаш пӯшонидааст", - қайд кардаанд дар вазорат.
Таъкид мешавад, ки ин ҳодиса пеш аз қаҳрамонии танкчиён, ки таҳти фармондеҳии Леваков дар фасли тобистон гурӯҳи зиреҳпӯши украиниро торумор карданд, рух додааст.
Орденро ба сарбози ихтиёрӣ комиссари ҳарбии ноҳияи Преображенскии шаҳри Маскав полковник Сергей Тригилев супурд.
Аз дастгирии мардуми Русия то истифодаи силоҳи ҳастаӣ ва равобит бо Ғарб: Мусоҳибаи Путин
"Албатта, ман аз гирифтани чунин ҷоизаи олӣ шод будам. Аммо ин барои ман ғайричашмдошт буд. Ман танҳо вазифаи худро иҷро кардам", - гуфт Соленов.
Соленов афзуд, ӯ хусусан аз он шод аст, ки Леваков ба маросими супоридани мукофот омада, шахсан дасташро фишурду барояш гуфт, ки сазовори ин мукофот мебошӣ.
"Ман худи таркишро нашунидам. Ҳама чиз хеле зуд рух дод. Ҳамаи пораҳои норинҷак ба бадани Сергей заданд, ба ман танҳо як пора зад. Ӯ ба ман ҳаёти нав бахшид!", - гуфт Леваков.
Экипажи тонки "Алёша", ки гуруҳи зиреҳпӯши украиниро дар самти Запорожие боздошт, дар набард 8 мошини зиреҳпӯши душманро несту нобуд кард, баъд дар давоми қариб 40 дақиқа сарбозони русро ҳимоят кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кохи Кремлин: Ба Русия муҳим аст дар амалиёти вижа ба ҳадафҳои худ бирасад
Талафоти душман ғайр аз техникаи нобудшуда бештар аз 100 нафар куштаю захмиро ташкил дод.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар дидор бо донишҷӯёне, ки дар амалиёти вижа ширкат доштанд, аз дидор бо экипажи тонки “Алёша” ёдовар шуд ва гуфт, ки ба яке аз онҳо ваъда додааст, сарбозеро, ки ҷони ӯро наҷот додааст, пайдо хоҳад кард.