ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Сарони кишварҳои Русия ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар шаҳри Маскав барои баррасии масоили рушди ҳамкориҳо мулоқот хоҳанд кард.
Тавре хабаргузории ТАСС хабар додааст, Владмир Путин раисҷумҳури Русия дар дидор бо бо раиси ҳайати мушовараи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев таъкид кард, ки дар ҷараёни нишаст як қатор масоили муҳим баррасӣ хоҳад шуд.
"Ман медонам, ки шумо аллакай ба чорабинии ҷашнӣ омодагӣ гирифтаед, мо онро 8 май ба нақша гирифта будем. Мо онро дар ин ҷо, дар Маскав баргузор мекунем. Мо ба ин омода ҳастем, шумо медонед, ки мо ҳамеша чунин корҳоро бо хушнудӣ анҷом медиҳем. Уҳдадориҳои худро иҷро мекунем ва ҳамаи ҳамтоёнро қабул хоҳем кард”, - гуфт Путин.
Вай илова кард, ки нишасти ИИАО на танҳо даҳсолаи навро дар ҳаёти ин созмон боз мекунад, балки ба амиқтар шудани ҳамгироӣ, беҳбуди некӯаҳволӣ ва сатҳи зиндагии кишварҳои узв мусоидат хоҳад кард.
ИИАО дар соли 2014 ба фаъолият шурӯъ кард - моҳи майи ҳамон сол дар Остона сарони Русия, Қазоқистон ва Беларус Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ба имзо расониданд.
Соли 2024 созмон 10-сола мешавад. Ҳадафи таъсиси иттиҳодия таъмини озоди ҳаракати молҳо, хизматрасонӣ ва қувваи корӣ байни кишварҳо, инчунин пеш бурдани сиёсати ҳамоҳангшуда дар бахшҳои иқтисод буд.