ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Ахиран дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири молияи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Муҳаммад Ал-Ҷадаан, ки ба таври маҷозӣ баргузор шуд, масъалаи ҷалби сармоя барои сохтмони НБО "Роғун" баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хбар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ин мулоқоти маҷозӣ ҷонибҳо ба масъалаи ҷалби сармоя барои сохтмони НБО "Роғун" таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Зикр гардидааст, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Арабистони Саудӣ афзалияти аввалиндараҷа медиҳанд.
“Вазири рушди иқтисод ва савдо аз Вазири молияи Подшоҳии Арабистони Саудӣ хоҳиш намуд, ки вобаста ба зиёд намудани маблағҳои Фонди Саудии Рушд барои татбиқи НБО "Роғун", инчунин ҷудо намудани маблағҳои имтиёзноки Бонки Исломии Рушд ба лоиҳаи номбурда мусоидат намояд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки вобаста ба дархости ҷониби Тоҷикистон Вазири молияи Арабистони Саудӣ омодагии худро ҷиҳати корбарӣ намудан бо Фонди Саудии Рушд ва Бонки Исломии Рушд барои зиёд намудани маблағгузории имтиёзноки лоиҳаи НБО "Роғун" баён кард.
Бояд гуфт, ки айни ҳол бо Фонди Саудии Рушд созишнома барои маблағгузории сохтмони НБО "Роғун" дар ҳаҷми умумии 100 млн доллар ба имзо расонида шудааст ва Бонки Исломии Рушд барои сохтмони иншооти қайдгардида 150 млн долларро ҷудо кардааст.