Интихоботи президенти Русия

Нозири тоҷикро таваҷҷуҳи раъйдиҳандагон ба интихобот дар Русия мафтун кардааст

Намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати гурӯҳи нозирони байналмилалии АБ кишварҳои узви ИДМ дар интихоботи президентии Федератсияи Русия дар Саратов кор карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Маркази назорати видеоӣ дар таъмини шаффофияти маърака нақши муҳим бозид, ки дар он имкон дошт вазъи ҳавзаҳои интихоботӣ дар вақти воқеӣ назорат карда шавад.
Ин андешаро нозир аз Тоҷикистон Шукрулло Абдуллозода иброз дошт.
Намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати гурӯҳи нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ дар интихоботи президентии Русия дар Саратов дар 6 қитъаи интихоботӣ кор карданд, хабар медиҳад расонаҳои маҳаллӣ.
"Ман аз иштироки баланди интихобкунандагон ва таваҷҷуҳи онҳо ба интихобот таассуроти зиёд дорам. Ин интихобот муваффақ ва барои рушди минбаъдаи Русия муҳим буд", - мегӯяд ӯ.
Абдуллозода шаффофияти раванди интихоботро низ таъкид кард.
Ба гуфтаи ӯ, инро нозирони ҷамъиятӣ, ки назорати фаврии қонунӣ будани расмиёт дар қитъаҳои интихоботиро анҷом додаанд, тасдиқ карданд.
Бар асоси натиҷаҳои мониторинг ҳамаи нозирон сатҳи баланди ташкили раванди интихоботро дар минтақа ва дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла риояи қонунгузории интихобот, рақобат ва баробарии номзадҳо, таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар интихобот қайд карданд.
Интихоботи президенти Русия
Одилонаву шаффоф: Арзёбии нозирони ИДМ аз баргузории интихоботи президентии Русия
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кард.
Овоздиҳӣ дар Русия тӯли 3 рӯз - 15, 16 ва 17 март баргузор шуд. Дар маҷмӯъ, дар кишвар беш аз 94 ҳазор нуқта фаъолият мекард. Чаҳор номзади аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Федератсияи Русия сабти номшуда барои курсии раиси ҷумҳури Русия: Леонид Слуцкий, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин мубориза бурданд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, Путин 87,28% овозҳоро ба даст овардааст.