ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим хостори ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои тармиму навсозӣ дар нақби "Истиқлол" шудааст.
Дар робита ба ин ӯ бо роҳбарону мутахассисони як қатор ширкатҳои сохтмонии Эрон, ки ба тармиму азнавсозии нақби мазкур машғуланд, мулоқот доир кард, ба мувофиқа расидаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Эрон дар Тоҷикистон гузориш дода гуфтааст, ки тибқи қарори ҳосилшуда гуруҳи корӣ фаъолияти худро дар ин бобат вусъат мебахшад..
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ҳадаф аз ин мулоқот гузаронидани мушоҳидаҳои техникӣ, таҳлили ҷараёни имрӯзаи сохтмон ва татбиқи шартномаи марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони нақби автомобилгарди "Истиқлол" буд.
Маврид ба зикр аст, ки ин шартнома моҳи январи соли 2021 миёни Тоҷикистон ва Эрон имзо шудааст.
"Дар доираи навсозӣ, аз ҷумла, насби системаи ҳовокашӣ, рӯшноӣ, огоҳии бармаҳал ва бехатарии сӯхтор амалӣ мегардад", - афзуд манбаъ.
Нақби "Истиқлол" дар 80-километрии шимоли Душанбе, дар миёни Душанбе ва Хуҷанд воқеъ аст. Дарозии туннел 5,2 километрро ташкил медиҳад. Нақб минтақаҳои шимолӣ ва ҷанубии Тоҷикистонро мепайвандад.
Сохтмони ин пуружаи ҳаётӣ моҳи сентябри соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии "Собир" оғоз шуда буд.