ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Арабистони Саудӣ ҷазо барои вуруди ғайрирасмӣ дар маросими Ҳаҷ-2024-ро сангинтар кардаст.
Дар ин бора Кумитаи дини Тоҷикистон бо як огоҳӣ ба афроде, ки қасди ғайрирасмӣ рафтанро доранд, ҳушдор доштааст.
Ба иттилои манбаъ, тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима ба андозаи 50 ҳазор риёл (ҳудуди 13300 доллар), ҳабс ба муддати шаш моҳ пешбинӣ мешавад.
Инчунин чунин афродро ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.
Кумита мегӯяд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар намудани довталабон барои адои маносики ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳо амалӣ мешавад.
Ин ниҳод аз шаҳрвандон хостааст, ки фирефтаи таблиғи ширкатҳои сайёҳӣ ва афроди алоҳида аз кишварҳои дигар барои ба ҳаҷҷи фарзӣ рафтан нашаванд, зеро он тақаллуб ва фиреб аст.
"Ҳамватанони мо бояд донанд, ки ҳеч шахс ва ҳеч ширкати сайёҳие салоҳият ва имконияти сафарбарнамоӣ ва таъмини шароити будубоши ҳаҷравандагонро надорад", - афзудааст манбаъ.
Имсол бар асоси қарордоди Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 7 ҳазор шаҳрванди кишвар ҳаққи сафар ба зиёрати Хонаи Худоро дорад.
Арзиши "Ҳаҷ-2024" барои ҳар зоири тоҷик 57 ҳазор сомонӣ хоҳад буд.