ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Хонандагони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон 21 март ба таътили баҳорӣ баромада, 31 март ба мактаб бармегарданд.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати маориф ва илми кишвар Наврӯзи Мирзо ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Хамин тавр донишомӯзонро 10 рӯзи истироҳатӣ интизор аст. То 21 март дар ҳамаи мактабҳо чоряки сеюм ҷамъбаст карда мешавад, афзуд манбаъ.
Ба иттилои оқои Наврӯз, ҳамчунин тарбиятгарони муассисаҳои томактабӣ аз 21 то 26-уми март ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 21-ум то 25-уми март истироҳат менамоянд.
Мавсуф афзуд, ки дар давраи таътил пас аз чорабиниҳои наврӯзӣ хонандагон ба озмунҳои фаннӣ омодагӣ мегиранд, ки аз моҳи апрел оғоз хоҳанд шуд.
Дар мавриди омӯзгорон бошад, пас аз анҷоми таътили расмӣ дар Наврӯз онҳо ба корҳои методӣ ва омодасозии шогирдон машғул мешаванд.
Дар баъзе аз муассисаҳо вохӯриҳо, суҳбатҳо бо падару модарони талабагон ва дигар маҳофили тарбиятӣ гузаронда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Наврӯз ба рӯзи панҷшанбе рост меояд. Ҳамин тавр дар ҷумҳурӣ аз Душанбе то чаҳоршанбе рӯзи корӣ аст.
Ҳамин тариқ баъд аз 20 март шаҳрвандони Тоҷикистон таътил мераванд.
Дар ҳар як шаҳри Тоҷикистон ба муносибати Иди Наврӯз барномаҳои хоси фарҳангӣ дар назар аст.