Интихоботи президенти Русия

Ширкати раъйдиҳандагон дар интихоботи президентии Русия дар Тоҷикистон рекордӣ шуд

Фиристода-мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская гуфт, ки чанд нафар шаҳрвандон дар интихобот овоз додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Иштироки мардум дар интихоботи президентии Русия, ки рӯзи 17 март дар Тоҷикистон баргузор шуд, рекордӣ буд.
Бино ба иттилоъи сафорати Русия дар ин кишвар, дар раъйдиҳӣ беш аз 9500 нафар ширкат карданд.

“Мо ҳузури зиёди мардум, ҳузури хуби шаҳрвандони Русия, ки ба ҳавзаҳои интихоботӣ омадаанд ва дастгирии беандоза аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар баргузории овоздиҳиро қайд кардем”,- гуфт Вера Хуторская, фиристода-мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай таъкид кард, ки интихоботи президентии Русия дар ҷумҳурӣ мусбат гузашт.
"Ин як рӯзи муҳим дар муносибатҳои Русияву Тоҷикистон аст", - афзуд Хуторская.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст.
Овоздиҳӣ дар Русия тӯли 3 рӯз - 15, 16 ва 17 март баргузор шуд. Дар маҷмӯъ, дар кишвар беш аз 94 ҳазор ҳавза фаъолият мекард.
Интихоботи президенти Русия
Шаффоф ва дар чаҳорчуби қавонин: Шарҳи нозири СПАД аз ҷараёни интихобот дар Русия
Чаҳор номзади аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Федератсияи Русия сабти ном шуда: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин , барои курсии раиси ҷумҳури Русия мубориза бурданд.
Дар Тоҷикистон имкони овоздиҳӣ дар 6 қитъаи интихоботӣ вуҷуд дошт. Онҳо рӯзи 17 март аз соати 8:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ кор карданд.
Дар хориҷа дар 144 кишвари ҷаҳон 295 қитъаи интихоботӣ фаъолият дошт.