ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тақсими 10,76 км марзи давлатӣ ба мувофиқа расониданд.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ҷаласаи навбатии дуҷонибаи гурӯҳҳои топографӣ ва корӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз 12 то 17 марти соли равон баргузор гардид.
"Дар асоси мувофиқаи бадастомада, аз 12 то 17 марти соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид", - омадааст дар хабарнома.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.
Қаёд карда шудааст, ки аз рӯйи натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Қаблан дар ин минтақа дидору мулоқоти раисони Кумитаи амнияти миллии ҷонибҳо доир шуд, Саймумин Ятимов бо ҳамтои қирғизаш Қамчибек Ташиев дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории гуфтугӯ карданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки баро баррасӣ "минтақаҳои воқеан хеле душвор боқӣ мондааст ва ҳарду ҷониб кӯшиш мекунанд, ки ин равандро ҳарчи зудтар анҷом диҳанд".
Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи феврал беш аз 1,1 км марзи муштаракро мушаххас кардаанд.
Ба иттилои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар соли гузашта зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад.
Вай илова карда буд, ки арду ҷониб манфиатдоранд, ки ин раванд ҳарчӣ зудтар анҷом ёбад.
Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад, ки талоши Душанбею Бишкек барои муайянсозии қисматҳои номаълуми он тайи солҳои охир густариш ёфтаст.