Ҳама рақамӣ мешавад: Роҳи оҳани Тоҷикистон ба технологияҳои муосир мегузарад

Дар Тоҷикистон рақамишавии муҳимтарин соҳаи стратегӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани борномаҳои электронӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ идома доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тақрибан 70%-и борҳои воридотӣ ва содиротии Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан интиқол дода мешавад.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир кор барои рақамишавии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" - муҳимтарин соҳаи стратегӣ идома дорад.
Ҳамин тариқ, борномаи электронӣ ҳам дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ҷорӣ карда мешавад ва барои ҳамлу нақли автомобилӣ ба хориҷ аз кишвар, иҷозатномаҳои электронӣ дода мешаванд.
Корҳо дар бораи татбиқи системаи идоракунии дороиҳои роҳ, яъне ба таври маҷози ҷаъоварии маълумот, нигоҳдории маълумот ва таҳлили ҳолати инфрасохтори роҳ идома доранд.
Азсаргирии сохтмони бинои нави Истгоҳи роҳи оҳан дар шаҳри Хуҷанд
Илова бар ин, дар Тоҷикистон Портали ягонаи хадамоти нақлиёти электронӣ таъсис дода шудааст, ки феълан дорои 4 модул мебошад, вале тадриҷан бо модулҳои нав пурра карда мешаванд.
Ҳамзамон, барои ворид шудани ба портал барои ҳамаи иштирокчиёни бозор рамзи QR ягона таҳия карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар моҳи январи соли 2024 бо назардошти воридоту содирот ва транзити борҳо тавассути роҳи оҳан 552,9 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст.
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2023 ин рақам 0,7% бештар мебошад.