Дар Душанбе дар бинои шӯъбаи консулгарии Сафорати Русия ҳавзаи интихоботӣ боз шуд.
Дар ифтитоҳи ҳавзаи интихоботӣ дар пойтахти Тоҷикистон даҳҳо нафар барои раъйдиҳӣ ба назди сафорат омада буданд.
Дар ҳудуди Консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд як ҳавзаи дигар фаъолият дошта, барои низомиёни пойгоҳи 201-уми артиши Русия ва аъзои оилаи онҳо – дар Душанбе ва Бохтар 4 ҳавза боз шудааст.
Русҳо бо табассум ва парчамҳо ба ҳавзаҳои интихоботии Душанбе омаданд.
Навбат барои раъйдиҳӣ дар ҳавзаи интихоботӣ 100 метр тул кашидааст.
Дар Душанбе шаҳрвандони Русия бо оилаҳои худ пушти сандуқҳои раъй рафтанд.
Барои нафароне, ки бори аввал раъй медиҳанд, тухфахои хотиравӣ — лента ва нишонхои сарисинагӣ тақдим мекарданд.
Дар Тоҷикистон раъйдиҳии сайёр барои шаҳрвандони дорои қобилияти маҳдуд низ ташкил карда шудааст.
Дар интихоботи президентии Русия собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Салиҳа Раҷабоваи 97-сола раъй дод.
Интихоботи президентии Русия дар қаламрави Тоҷикистон.