Интихоботи президенти Русия

КМИ мизони мушорикат дар интихоботи президентии Русияро эълон кард

То кунун ҳамчунин беш аз 60 ҳазор шаҳрванди Русия берун аз ин кишвар ба ҷонибдорӣ аз номазади арзандаи худ раъй додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. То соати 16:13 дақиқаи ба вақти Маскав иштироки раъйдиҳандагон дар интихоботи президентӣ ба 50,01% расид.
Ин маълумотро Комиссияи марказии интихоботии Русия нашр кард кард.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин беш аз 60 ҳаз. шаҳрванди Русия берун аз ин кишвар ба ҷонибдорӣ аз номазади арзандаи худ раъй дод.
Манбаъ афзуд, ки қитъаҳои интихоботӣ дар 40 давлати дунё ташкил шудаанд.
Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст. Овоздиҳӣ давоми се рӯз: 15, 16 ва 17 март сурат мегирад.
Барои курсии раисиҷумҳури Русия чаҳор номзади сабтиномшудаи Комиссияи марказии интихоботи Русия: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин талош доранд.
Интихоботи президенти Русия
Ҳама дар сатҳи баланд аст: баҳои нозирони ИДМ ба ташкили интихобот дар Русия
Ёдовар мешавем, шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, метавонанд дар интихоботи президентии Федератсияи Русия ширкат кунанд.
Аз ҷумла 17 март дар ду қитъаи интихоботӣ - дар шӯъбаи консулии сафорати Русия дар Душанбе ва консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд имкони раъйдиҳӣ фароҳам аст.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамчунин чаҳор нуқтаи дигар барои низомиёни Русия ва аъзои хонаводаи онҳо фаъолият хоҳанд кард.
Нуқтаҳои интихоботӣ аз соати 8:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд.