ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе, бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, санаи 17 марти соли 2024, соати 15:00 дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Бояд гуфт, ки дар Душанбе таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол ба моҳи шарифи Рамазон рост меояд ва ба ҳимин хотир ба иттилои мақомот тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ пас аз шом баргузор мегарданд.
Ба иттилои манбаъ, шоми 19-20 март дар тамоми боғҳои шаҳр чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.
Ба гуфтаи манбаъ, барномаҳои Наврӯзӣ дар боғи Куруши Кабири ноҳияи Шоҳмансур, дар боғи ба номи ба номи С. Айнӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ, дар боғи ба номи. Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва дар боғи Умари Хайёми ноҳияи Сино баргузор мешаванд.
Барномаи асосии ҷашнӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба ифтихори Наврӯзи имсола дар пойтахт дар майдони Истиқлол рӯзи 21 март бо иштироки раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад.
Бино ба иттилоъи шаҳрдорӣ, дар ин рӯз, тибқи қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ, карнавали Наврӯзӣ сурат мегирад ва инчунин барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва тантанаҳои идона баргузор мешаванд.