ДУШАНБЕ, 15 март — Sputnik. ИИАО сармоягузорӣ ба соҳаи саноатро ҳавасманд хоҳад кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Қайд карда мешавад, ки вазири иқтисод ва сиёсати молиявии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бахит Султонов ба соҳибкорон ва сармоягузорон дар бораи самтҳои ҳамкории комиссия ва тиҷорат маълумот дод.
Ба гуфтаи вай, имсол комиссия як воситаи муассир дорад.
"Талоши Комиссия ба фароҳам овардани шароити беҳтар барои пешбурди тиҷорат тавассути рушди равандҳои ҳамгироӣ дар фазои АвруОсиё равона шудааст", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ба густариши минбаъдаи муколама бо доираҳои соҳибкорӣ ва омӯхтани масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи намояндагони доираҳои тиҷоратӣ манфиатдор аст.
Қаблан Эрон ба лоиҳаи Агроэкспресси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) барои ҳамлу нақли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамроҳ шуда буд.
Ҳамкорӣ дар ин бахш ба гардиши босуръати маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.