Дар Дарвоз садамаи мудҳиш ҷони чор корманди як ташкилоти ҷамъиятиро гирифт

Дар садамаи мудҳише, ки дар километри 380-уми шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ рух додааст, чор корманди як ташкилоти ҷамъиятӣ кушта шуданд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз мошини "Toyota” мансуб ба ташкилоти "Барги сабз" ба мошини "Дулан" бархӯрд, ки дар натиҷа чор корманди ташкилоти мазкур дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанд.
Манбаъ сабаби сар задани садамаро ноуҳдабароии ронандаи ташкилоти "Барги сабз" арзёбӣ кард.
Дар ин ҳодиса ҳамчунин як корманди дигари ин ташкилот ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар беморхонаи Дарвоз бистарӣ шудааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки қурбониёни ин ҳодиса сокинони Душанбе, Хоруғ, Шуғнон ва Данғара буданд.
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои ВКД бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон соли гузашта 519 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ҳалокати тоҷикистониҳо дар сӯхтору садамаҳо якбора зиёд шудаст: Чаро?
Ба иттилои ин ниҳод, теъдоди ҳалокшудагон дар қиёс бо соли 2022 қариби 25% ё 103 нафар зиёд шудаанд.
Дар умум садамаҳое, ки куштаю маҷруҳон барҷой гузоштаанд, беш аз 1,1 ҳазор ҳолат сабт шудааст. Шумори чунин садамаҳо 15 адад дар қиёс бо соли қаблӣ афзудаст.
Шумори маҷруҳон дар садамаҳо наздики 1,2 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2022 ҳудуди 1% зиёд гардидаанд.
Қаблан масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳои нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобилро гуфтанд.
Муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ аз сабабҳои асосии дигари садамаҳои нақлиётӣ арзёбӣ мешавад.