Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Толибон* вазъи Афғонистонро шарҳ доданд

Толибон бовар доранд, ки Афғонистон кишвари амн аст ва ба ҳамсояҳо ва дигар давлатҳо таҳдид намекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Аз ҷониби Афғонистон ба дигар давлатҳо таҳдиде нест.
Дар ин бора намояндаи расмии ҷунбиши мазкур Забеҳулло Муҷоҳид дар радиои маҳаллии "Дарӣ" хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир кишвар назорати марказӣ дорад.
"Афғонистон ҳоло тахти назорати пурраи толибон* аст ва ба дигар мамлакатҳо ва хусусан ба ҳамсояҳои он ҳеҷ гуна таҳдид нест", - таъкид намуд ӯ.
Намояндаи толибон қайд кард, ки Афғонистон аз дигар мамлакатҳо хоҳиш мекунад, ки хавотир нашаванд.
Тавре радио ба қавл аз ӯ қайд мекунад, ин суханон ба баррасии ахири лоиҳаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон марбут буд, ки Душанбе дар нишасти намояндагони вазорату идораҳои СПАД пешниҳод кардааст.
Коршинос дар бораи Толибон*, гуруҳҳои террористӣ ва хатарҳои ношӣ аз он гуфт
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи баррасии ин барнома аз 27 феврал то 1 март дар Маскав баргузор шуд.
Дар ҳоли ҳозир баррасии ин пешниҳод дар Шӯрои доимии СПАД идома дорад.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки Душанбе интизор дорад, ки ин барнома соли 2024 тасвиб шавад.
*-созмон барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.