ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар Суғд ярмарка ва форумҳои байналмилалӣ баргузор мешавад, иттилоъ додааст ҳукумати вилояти Суғд.
Қарори дахлдори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади рушди иқтисод ва савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ, воридоти технологияи муосир, муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилоят ярмарка ва форумҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад.
Манбаъ қайд кардааст, ки ин чорабиниҳо дар моҳҳои апрел, июн ва сентябр гузаронида мешавад.
Ҳамин тавр, рӯзҳои 18-20 апрел Форуми якуми байналмилалии "Суғд-чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим", рӯзҳои 17-19 июн Ярмаркаи даҳуми байналмилалии савдо "Суғд-2024" ва 27-29 сентябр Форуми дуюми байналмилалии "Сармояи инсонӣ ҳамчун манбаи рушди иқтисодиёт" баргузор хоҳад шуд.
Дар ярмарка ва форумҳо намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои тиҷоративу соҳибкорӣ, ширкату ташкилотҳои соҳаи сайёҳии кишварҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.