ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Намояндаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев бо муовини сарвазир – вазири иқтисод ва рушди Муғулистон Чимэдийн Хүрэлбаатар дидору мулоқот кард.
Ҷонибҳо пеш аз оғози машваратҳо дар мавриди имзои созишномаи муваққатии тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Муғулистон ва як қатор масъалаҳои мубрамро баррасӣ карданд.
Бакитҷон Сагинтаев зимни музокира қайд кард, ки кишварҳои узви ИИАО тақвияти ҳамкорӣ бо Муғулистонро яке аз самтҳои афзалиятноки рӯзномаи байналмилалии ин созмон медонанд.
Бастани созишномаи муваққатии тиҷорӣ ба тавсеаи дастрасии молҳо ба бозори умумии ИИАО, содда кардани тиҷорат, аз ҷумла тавассути коҳиш ва рафъи монеаҳои таруфаҳо ва ғайритаруфаҳо, инчунин афзоиши гардиши савдои хориҷӣ бо Муғулистон мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Русия гуфта буд, ки Муғулистон метавонад тавассути ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕОИИ) ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) гардиши молро бо Русия афзоиш диҳад.
Раиси Думаи давлатии Русия таъкид намуд ,ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳарчи бештар барои кишварҳои дигар ҷолиб шуда истодааст ва бисёриҳо мехоҳанд, вориди ин созмон шаванд.
"Дар соли 2022 гардиши моли Русия ва Муғулистон тақрибан 42% афзоиш ёфта, ба сатҳи рекордии 2,6 млрд доллар расид. Мо бояд ин сатҳро нигоҳ дорем ва афзоиш диҳем", - қайд карда буд Володин.