ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. "Бозиҳои оянда" бидуни ангезаҳою ғаразҳои сиёсӣ баргузор шуда, мунсифона сурат гирифтанд.
Ин нуктаро роҳбари тарҳи "Бозиҳои оянда", Игор Столяров дар ҷамъбасти нахустин мусобиқаи маҷозию воқеии ҷаҳонӣ баён дошт.
Ӯ гуфт, тамоми шароитро барои баргузории мусобиқаҳо ва варзиши тоза, бидуни сиёсат фароҳам оварданду варзишкорон роҳат ҳунарнамоӣ доштанд.
Ҳамаи иштирокдорон, аз ҷумла намояндагони Тоҷикистон низ бо таассуроти нек баргаштанд ва онҳое, ки ғолиб шуданд, ҷоизаҳои моддиро низ бо худ бурданд, шӯхиомез илова намуд Столяров.
Мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда" аз 21 феврал то 3 марти соли равон дар шаҳри Қазон идома дошта, Тоҷикистонро 35 варзишкор дар сабқатҳои яккаву гуруҳӣ намояндагӣ карданд.
Намояндагони Тоҷикистон аз ҷумла дар панҷ намуд - омехта, барномарезии варзишӣ, "Just dance" ва "Beat Saber" зӯрозмоӣ карданду бархе бо дастовардҳо баргаштанд.
Дар умум дар нахустин "Бозиҳои оянда" дар Қазон 2 ҳазор варзишгар аз 104 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Онҳо дар намудҳои иборат аз унсурҳои илм, технология ва варзиш рақобат карданд.