ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Арзиши ҳазор рубли Русия дар бозори арзи Тоҷикистон ба 121,1 сомонӣ баробар шудааст, иттилоъ дод Бонки миллии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, нархи рубл нисбати нишондоди рӯзи қабл 0,3 сомонӣ боло рафтаст.
Дар баробари арзиши доллари ИМА бетағйир дар сатҳи 10.9552 сомонӣ боқӣ монда, евро бо каме афзоиш ба 11. 9861 сомонӣ расидаст.
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар баробари ин БМТ мегӯяд, дар ташкилоти қарзии кишвар доллари нақди ИМА аз 10.9552 то 10.9700 сомонӣ, 1 евро аз 11.9390 то 12.0000 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 120,8 то 0.121,8 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.