Ҳабси роҳбарони марказҳои дилхушӣ дар Тоҷикистон

Новобаста аз таъкидҳои мақомот барои риояи одоби шаҳрдорӣ, иҷрои қоидаю тартиби реҷаи корӣ ва халалдор насохтани оромии шаҳрвандон, бархе қонуншиканӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Роҳбарони марказҳои дилхушии "РМС” ва "Ориён" дар ҷануби Тоҷикистон барои вайрон кардани тартиботи шабона ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.
Ба иттилои раёсати корҳои дохилии Хатлон, новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҷиҳати риояи одоби шаҳрдорӣ, иҷрои қоидаю тартиби реҷаи корӣ ва халалдор насохтани оромии шаҳрвандон, баъзе аз роҳбарон дидаю дониста муқаррароти мазкурро вайрон мекунанд.
Маъмурини милиса соати 23:00-и шаб чорабинии мақсаднок гузаронда, муайян кардаанд, ки масъулони марказҳои дилхӯшии "РМС" ва "Ориён"-и шаҳри Бохтар тартиботи реҷаи кориро дар вақти шабона вайрон намудаанд.
Рустами Эмомалӣ ба президент лоиҳаи навсозӣ дар пойтахтро муаррифӣ кард
"Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ намудани ҳуҷҷатгузорӣ фаъолияти марказҳои дилхӯшӣ қатъ ва дари онҳо мӯҳр зада шуд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки бо гузашти як шабонарӯз масъулини марказҳои дилхӯшии болозикргардида ба ҷои ислоҳи камбудиҳо худсарона дари мӯҳрбандишударо кушода, новобаста аз огоҳӣ ва таъкиди кормандони милитсия, ба фаъолияти ғайриқонунии худ идома додаанд.
Дар натиҷа роҳбарони ин марказҳои дилхушӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон фаъолияти марказҳои дилхушӣ то соати 23:00 иҷозат дода шудаст.