Дар пойтахти Тоҷикистон довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Русия аз суҳбат мегузаранд.
Ба иттилои намояндагии "Россотрудничество", дар Тоҷикистон хоҳишмандони таҳсил дар муассисаҳои таълимии Русия хеле зиёданд, ки аз санҷишу суҳбатҳо хоҳанд гузашт.
Яке аз довталабони таҳсил дар Русия, донишҷӯи ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров, Савсан Одинаева мебошад, ки барои суҳбат ҳозир шудаст.
"Ман ба "Россотрудничество" барои дохил шудан ба бахши ҳуқуқшиносӣ дархост додам, зеро бештар ба сиёсат таваҷҷӯҳ дорам", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, аз он дар ҳаяҷон аст, ки намедонад мушахассан суҳбат аз чӣ хоҳад буд ва изҳори умед намуд, ки бо сари баланд онро паси сар хоҳад кард.
"Дар утоқи шахсиам ба чанд донишгоҳ, аз чумла Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Маскав ва Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербургро интихоб кардам", - изҳор дошт ӯ.
Соли равон ба Тоҷикистон барои таҳсил аз тариқи квотаи ҳукумати Русия ҳудуди 1 ҳазор ҷой ҷудо шудааст.
Феълан беш аз 28 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд. Ҳудуди 7 ҳазор нафари дигар дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва филиалҳои донишгоҳҳои русиягӣ – Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишкадаи энергетикии Маскав ва МИСИС дар Душанбе мехонанд.