ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Қисмати асосии баркашонӣ дар кишварҳои узви ИИАО ба Русия рост меояд, ки зиёда аз 5,5 трлн тоннаро ташкил медиҳад.
Дар умум ҳаҷми боркашонӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо истифода аз тамоми намуди воситаҳои нақлиёт аз 6,1 трлн тон бештар шудаст.
Аз ҳаҷми умумӣ беш аз 500 млрд тон ба Қазоқистон рост омада, дар пайи он бо қариб 73 млрд тон Белорус ҷой гирифтааст.
Ҳаҷми боркашонии солона дар Арманистон қариби 5 млрд тон арзёбӣ шуда, дар Қирғизистон ин нишондод ба 3 млрд тон баробар шудааст.
Муомилоти бор аз рӯи ҳамаи намудҳои нақлиёт дар кишварҳои ИИАО
© Sputnik
Қаблан Комисияи иқтисодии АвруОсиё аз кӯшишҳои давлатҳои узви иттиҳод дар рушди инфрасохтори байналмилалии нақлиётӣ ва содагардонии расмиёти убури сарҳадӣ тавсиф карда, афзуд, ки гуфтушунид бо кишварҳои дигар низ барои татбиқи тарҳҳои инфрасохторӣ дар ҷараёнанд.
Дар шароити баргардонидани гардиши бор ба самти Шарқ ва Осиё долонҳои классикии "Шимол - Ҷануб", "Аврупо - Чини ғарбӣ", "Роҳи нави абрешим", Роҳи байналмилалии нақлиётии фарокаспий, ТРАСЕКА нафаси нав мегиранд, изҳор дошта буданд дар КИАО.
Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад. Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.