ДУШАНБЕ,11 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикстон,Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ паёми шодбошӣ фиристод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон Зардориро барои интихоб шудан ба маснади олии президенти Покистон табрик гуфта, таманниёти некро баён доштаст.
Вай сатҳи имрӯзаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баланд арзёбӣ мнамудаст.
"Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши минбаъдаи онҳо бар пояи арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ, рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар бори дигар таъкид намоям", - изҳор доштаст Раҳмон.
Дар ин зимн муколамаи фаъоли байнидавлатии сатҳи олӣ ва баландро василаи муҳими таҳкиму тавсеаи муносиботи ду кишвари ба ҳам дӯст хондаст.
"Бовар дорам, ки мо тавассути саъю талошҳои якҷоя мазмуну муҳтавои муносиботи кишварҳоямонро дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн боз ҳам ғанӣ гардонида, рушд хоҳем дод", - афзудаст Раҳмон.
Вай дар охир ба Зардорӣ сиҳатмандии комилу беҳрӯзӣ ва дар фаъолияти давлатӣ, дастовардҳои навин, ба мардуми Покистон сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу кардаст.
Зардорӣ барои бори дувум раисҷумҳури Покистон интихоб шуд. Вай қаблан солҳои 2008 - 2013 роҳбарии Покистонро ба уҳда дошта буд.