Аз се шарики асосии иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон дутои он узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошанд.
Ин нуктаро мудири Маркази ташаббусҳои таҳқиқотии Ma'no Бахтиёр Эргашев дар шарҳи зарурати пайвастан ба иттиҳодия баён дошт.
Вай дар қатори шарикони асосии тиҷории Ӯзбекистон Русия ва Қазоқистонро ном бурд.
Ба гуфтаи Эргашев, бар асоси нишондодҳои тиҷории соли 2023-юм, Русия шарики тиҷорати хориҷии дувуми Ӯзбекистон пас аз Чин аст ва Қазоқистон дар ҷои сеюм қарор дорад.
Коршинос пешгӯӣ кард, ки ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
"Вақте аз се шарики асосии тиҷорати хориҷӣ, дутоаш узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё буда, пояи онро ташкил медиҳанд, маълум аст, ки шумо бояд ба тарафи ИИАО биравед, то барои гирифтани узвияти комил даст ёбанд", - афзуд ӯ.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё феълан Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Белорусро дар бар мегирад.
Ҳадафи ин иттиҳодия таъмини ҳаракати озоди мол, хадамот, сармоя ва нерӯи корӣ дра ҳудуди он арзёбӣ мешавад.