ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ҳавопаймоҳои Русия дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои гурӯҳи "Ҷануб" ба мавқеъи мустаҳками нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар як корхонаи хишт дар Красногоровка, дар шимоли Авдеевка зарба заданд.
Дар ин минтақаи шаҳр низомиёни Украина ҷой гирифта, паноҳгоҳ ташкил кардаанд, иттилоъ дод РИА "Новости".
Манабаъ афзуд, ки воҳидҳои корпуси якуми артиши Украинадар канори Красногоровка ба бунёди пойгоҳҳо шурӯъ кардаанд.
Ин шаҳр аксаран дар гузоришҳо, ҳамчун маконе зикр мешавад, ки аз он ҷангҷӯёни украинӣ Донетскро тирборон мекунанд.
Дар моҳҳои охир артиши Русия амалиёти бомуваффақияти ҳамлаии худро дар Донетск густариш додааст.
Қаблан вазири дифои Русия, Сергей Шойгу аз озодии комили Маринка, воқеъ дар наздикии Донетск хабар дода, шоми 17 феврал ба президент Владимир Путин дар бораи озодсозии Авдеевка ҳисобот дод.
Озод кардани минтақаҳо хати ҷабҳаро аз Донетск дур бурда, аз зарбаҳо амнтар кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро ҳимояи одамоне номид, ки тӯли солҳо аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ, озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.