ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ба намояндагони беш аз 30 бонки кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё механизми маблағгузории кооператсияи саноатӣ ва ҷузъиёти татбиқи амалии он пешниҳод карда шуд, хабар дод Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ба иттилои КИАО, ба бонкдорон аз ҷумла меъёрҳои интихоби лоиҳаҳо, талабот барои қарзгирандагон ва ташкилотҳои молиявӣ, имкони бозтамвили лоиҳаҳои амалкунанда, инчунин хавфҳое, ки ҳангоми татбиқи механизм ба вуҷуд меоянд, муфассал баррасӣ шуданд.
Муовини директори департаменти сиёсати саноатии КИАО, Георгий Арзуманян қайд кард, ки ин аввалин воситаи фаромиллии дастгирии молиявии бахши воқеии иқтисод дар ИИАО мебошад.
Ӯ афзуд, ки ҳоло тарҳ дар ҳолати озмоишӣ роҳандозӣ мешавад ва дар ин марҳила иштирокчиёни лоиҳа саволҳои зиёд доранд.
"Барои мо хеле муҳим аст, ки ҳама дар бораи он ки механизми нав чӣ гуна кор хоҳад кард, фаҳмиши дақиқ дошта бошад, аз ин рӯ мо корҳои фаҳмондадиҳиро пеш мебарем. Мо ба кор бо бонкҳо, ки муҳимтарин ҷузъи тарҳи нави мо мебошанд, аҳамияти махсус медиҳем", - афзуд вай.
Дар сурати ба миён омадани саволҳо, КИАО омода аст, ки ба бонкдорон ёрии ҳамаҷонибаи машваратӣ расонад, изҳор дошт Арзуманян.
Моҳи октябри соли 2023 Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё низомномаро дар бораи интихоби лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва расонидани кумаки молиявӣ дар татбиқи онҳо аз ҷониби давлатҳои ИИАО тасдиқ карда буд.