ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон роҳе, ки шимол ва маркази кишварро мепайвандад, то як муддат барои тамоми намуди нақлиёт баста шуд.
Дар ин бора ширкати IRS, ки нигаҳдории ин шоҳроҳро ба ӯҳда дорад, хабар дод. Манбаъ афзуд, ки ҳаракат дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ бинобар фаромадани тарма маҳдуд гардид.
"Дар километрҳои 56 - 60 - уми роҳи Душанбе - Чаноқ 5 тарма фаромад", - омадааст дар хабари ин ширкат.
Зикр гардид, ки пас аз қисман тоза намудани роҳ, мошинҳои сабукрав имкони ҳаракат пайдо карданд.
Манбаъ афзуд, барои ҷилавгирӣ аз тамбашавии нақлиёт, роҳ ҳанӯз ҳам барои фура ва мошинҳои боркаш маҳкам аст.
Ёдовар мешавем, рӯзи 1 март ин роҳро якбора 20 тармаи хурду бузург масдуд карда буд.
Пас аз қисман тоза кардани роҳ нахуст иҷозати ҳаракат дар ин масирро мошинҳои сабукрав пайдо карданд ва танҳо пас аз пурра тамиз шудани роҳ ҳамагуна намуди нақлиёт иҷозати ҳаракатро гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, хатари фаромадани тарма то 11 март боқӣ аст. Аз ин рӯ, ин ниҳод аз шаҳрвандону меҳмонон хост бидуни зарурат ба роҳҳои минтақаҳои кӯҳӣ сафар накунанд ва ҷони худро дар хатар нагузоранд.