Раҳмон: 24 маргталаби тоҷик дар кишварҳои хориҷ худро таркондаанд

Президент гуфт, ин амалҳо аз сӯи гурӯҳҳои манфиатҷӯй тарҳрезӣ мешаванд ва аз бемаърифатӣ ва бетаҷрибагии баъзе ҷавоноти тоҷик истифода мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат зимни суҳбат бо фаъолону ходимони динӣ гуфт, дар се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар 10 кишвари ҷаҳон худро дар анбӯҳи одамон таркондаанд.
Ӯ гуфт, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст.
Ба боварии президент, ин амалҳо аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй ва хадамоти махсуси баъзе кишварҳо тарҳрезӣ мешаванд ва онҳо аз бемаърифативу бетаҷрибагӣ ва ноогоҳии баъзе ҷавонони тоҷик истифода мекунанд.
"Худкушӣ на ҷиҳод, балки гуноҳи азим ва хилофи таълимоту талаботи дини мубини ислом мебошад", - тавзеҳ дод роҳбари давлат.
Дар идома ӯ гуфт, аз ҳадафҳои ғаразноки душманони миллати тоҷик огоҳанд ва ҷиҳати пешгирии онҳо тамоми чораҳои заруриро меандешанд.
Раҳмон гуфт, ҳоло 4075 нафар шаҳрвандони кишвар барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли гузашта дар оромгоҳи машҳури бостонии Шоҳчароғ дар Шерози Эрон ҳамлаи террористӣ сурат гирифт. Яке аз ҳамлагарон, ки сӯи мардум оташ кушод, шаҳрванди 25 - солаи Тоҷикистон буд.
Эрон ба зодаи Тоҷикистон ҳукми қатл дод: Тафсилоти қазия
Додгоҳи Эрон ӯро ба ҳукми эъдлм маҳкум кард.
Бояд гуфт, моҳи ноябри соли 2022 низ ин оромгоҳ мавриди ҳамлаи террористон қарор гирифт. Ба иттилои мақомоти ин кишвар ҳамлагарон шаҳрвандони Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Афғонистон будаанд.